Ҷалби ҷавонон ба илмҳои дақиқ: омилҳо ва натиҷаҳо

Май 31, 2017 12:24

ДУШАНБЕ, 31.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои олимони ҷавони Академияи илмҳо бахшида ба Соли ҷавонон суҳбати телевизионӣ дар мавзӯи «Ҷалби ҷавонон ба илмҳои дақиқ: омилҳо ва натиҷаҳо» баргузор шуд.

Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамъомад раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки  «айёми ҷавонӣ давраест, ки инсон қобилияти баланди амалӣ гардондани имкониятҳои зеҳнии худро дорад. Маҳз ҳамин давра ба мо имкон медиҳад, то он ҷавҳарро, ки дар замирамон нуҳуфтааст, бо кӯшишу заҳмат ва омӯзиши пайваста кашф, татбиқ ва амалӣ созем. Дар баробари дигар чеҳраҳо, имрӯз олимони ҷавон низ аз муаррифгарони асосии давлату миллат дар дохил ва хориҷи кишвар мебошанд. Инсон метавонад, ки бо як ихтирои худ миллатро сарфароз гардонда, давлатро дар ҷомеаи ҷаҳон шиносонад. Аз ҳамин хотир, мо бояд омилҳои ҷалби ҷавононро ба илмҳои дақиқ пайваста таҳти назорат гирем ва ҷиҳати рушди онҳо шароит фароҳам оварем».

Дар ҳамоиш масъулини вазорату идораҳои марбута ва олимону мутахассисони ҷавони мамлакат доир ба мавзӯи ҳамоиш андешаронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки илм дар замони муосир ҳамчун омили бисёр муҳими пешбарандаи самтҳои асосии давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат дар Паёми худ бевосита ба пешрафти илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин замина баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди илм дар миёни ҷавонон дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд. Чунки имрӯз иқтисодиёти мамлакат ва ҷомеа беш аз пеш ба рушди илмҳои дақиқ эҳтиёҷ дорад.

Дар ҳамоиши илмӣ олимону магистрони ҷавон дастовардҳои илмиашонро муаррифӣ намуда, зарурати рушди илмҳои дақиқро дар кишвар баррасӣ намуданд.

 

 

Май 31, 2017 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид