Қаллобони ваъдахилоф ба даст афтоданд
ДУШАНБЕ, 11.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгир гардидани сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон хабар медиҳад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қаллобӣ дастгир гардид. Гумонбаршуда соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии зани 53-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин марди 39-солаи сокини шаҳри Хуҷанд дастгир карда шуд, ки аз соли 2015 инҷониб маблағи 6 ҳазор доллари амрикоии марди 31-солаи сокини шаҳри мазкурро гирифта, бозпас намегардонад.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи далелҳои зикргардида парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






