Ҷамъбасти озмуни «Ҷумҳурият»: дар мақоми аввал – ходими адабии АМИТ «Ховар»

Май 26, 2017 18:57

ДУШАНБЕ, 26.05.2017./АМИТ «Ховар»/. Озмун бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, ки  рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт аввали сол  эълон карда буданд, ҷамъбаст гардид.

Тавре сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар озмун адибон, публисистон ва  рӯзноманигорон иштирок намуданд. Тӯли чанд моҳ ба озмун қариб  70 мавод ворид шуд, ки аз онҳо 30 маводи беҳтарин дар саҳифаҳои рӯзнома ба табъ расиданд.

Ҳайати ҳакамон ҷои аввалро ба муаалифи маводи беҳтарин Шоири Ҳалқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло насиб донистанд. Ду ҷойи дуюмро сармутахассиси Шӯъбаи дини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Мустафозода, корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» Худойдод Зайниддин ва  се ҷои сеюмро адибон Ато Ҳамдам, Нуралӣ Нурзод ва Умари Шерхон соҳиб гаштанд.

Ҳамчунин ба 5 нафар иштирокчиёни озмун ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои ҳавасмандкунӣ супорида шуданд.

Мукофотҳоро ба ғолибон сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода ва раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода супориданд.

 

 

 

 

 

 

 

Май 26, 2017 18:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид