Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур…
ДУШАНБЕ, 21.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» як зумра ҷавонон дар ҳайати гурӯҳи корӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ба Федератсияи Россия сафар намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, сафари ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» дар ҳайати гурӯҳи корӣ дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия идома дошта, зимни ин сафар боздиди онҳо бо ҷавонони ҳамсол ва фаъоли тоҷик, ки айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар ин шаҳр қарор доранд, ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин вохӯрӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бозори Марказии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» доир гардида, аз ҳолу аҳвол ва фаъолияти онҳо дар бозори мазкур аз наздик шинос гардиданд.
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зимни вохӯрии самимӣ аз кору шуғлашон дар соҳаҳои гуногун ва мушкилоти ҷойдошта ибрози андеша намуда, изҳор доштанд, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо донистани забон, доштани касбу ҳунар ва меҳнати ҳалол ҳамеша муҳим аст. Шахси соҳибҳунар ва бофарҳанг ҳеҷ гоҳ хор намешавад, бо одобу хулқи ҳамида байни мардуми маҳаллӣ соҳиби обрӯ ва иззат мегардад. Тоҷикистониёнро низ аз рӯи рафтори шаҳрвандонашон баҳо медиҳанд. Аз ин рӯ, бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки муттаҳиду дастгири якдигар буда, бо амали неку меҳнати ҳалол, маданияти баланду фарҳанги волои тоҷиконро дар ҳарҷое, ки бошанд, мусбӣ муаррифӣ намоем.
Ба иттилои манбаъ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хушу хурсандона бо ҳамватанони худ сӯҳбати самимона намуда, иброз доштанд, ки мо ҳамеша бо Ватан будем, ҳастем ва хоҳем монд, зеро Тоҷикистони азиз барои мо — нафарони бурунмарзӣ ҳамеша муқаддасу бузург аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






