Ҳамоиш зидди паҳншавии бемории ВНМО дар байни донишҷӯён
ДУШАНБЕ, 03.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва пешгирии паҳншавии бемории ВНМО/АНМО (ВИЧ/СПИД) дар байни аҳолӣ, дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории ВНМО/АНМО дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Ҳамоиш бо иштироки кормандони факултаи муолиҷавӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон, кафедраи валеология ва тарбияи ҷисмонӣ, ҳамчунин бо ширкати донишҷӯёни курсҳои 1-2-юми факултети тиббӣ баргузор шуд.
Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби кормандони Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории ВНМО/АНМО дар мавзӯи зикргардида маърӯзаҳо пешкаши донишҷӯён карда шуданд. Баъдан як филми кӯтоҳмуддат дар бораи сабабҳо, роҳҳои гузариш ва пешгирии бемории АНМО намоиш дода шуд.
Ҳамчунин ҳамаи донишҷӯён тариқи тестикунонии фаврӣ дар озмоишгоҳи сайёри Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории ВНМО/АНМО аз ташхис гузаштанд ва ба онҳо маводи иттилоотӣ пешниҳод гардид.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






