Ҳамоиши донишҷӯёни тоҷик дар Германия бахшида ба Соли ҷавонон

Май 30, 2017 09:21

ДУШАНБЕ, 30.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин як гурӯҳ ҷавонони донишҷӯи тоҷик, ки дар донишкадаҳои Германия таҳсил менамоянд, бахшида ба Соли ҷавонон ҳамоиш доир намуданд. Дар ин бора аз  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии  Германия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали сарвариашон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Дар ҳама давраҳои минбаъдаи раванди давлатсозии миллӣ Пешвои миллат ҳамеша ба насли ҷавони кишвар такя намуда, онҳоро ба иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ва саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамун месозанд.

Дар ҳамоиш раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Германия доктор Александр Хайзер сухан гуфта, ҷавононро ба омӯзиши касбу ҳунар даъват намуд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар пеши ин насли ояндасоз масъулияти бузург — мутахассиси сатҳи баланд шуда, барои давлату миллати худ хизмати фарзандона намудан истодааст.

Иштирокдорон иброз доштанд, ки он ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, дар баробари дониши хубу аъло доштан, бояд бо рафтору кирдори худ муаррифгари фарҳангу тамаддуни куҳани миллати хеш бошанд.

 

Май 30, 2017 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд