Ашт: 10 тонна зардолуи ватанӣ ба Россия содир карда шуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Ашт дар миқёси кишвар аз ноҳияҳое маҳсуб мешавад, ки бо содир кардани зардолуи тар ва хушк ба берун аз Тоҷикистон машҳур гардидааст. Айни замон дар ноҳия мавсими содироти зардолуи тар оғоз гардида, аввалин қатораи содиротии дорои зардолуро соҳибкор Пӯлод Ашӯров ба Федератсияи Россия равон намуд, ки беш аз 10 тоннаро ташкил дод. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аз коргоҳи банду басти зардолуи тар дидан карда, зикр намуд, ки «техникаи замонавӣ барои дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидори зиёд пайдо кардани зардолуи пешпазаки Тоҷикистон, ки моҳи май ба бозор мебарояд, мусоидат мекунад. Ворид кардани техникаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳибкорони ноҳияи Ашт талаботи бозорҳои ҷаҳониро омӯхта, маҳсулоти кишварамонро ба талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намуда истодаанд».
Бояд гуфт, ки соли 2013 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зардолу ва Кампания»-ро, ки онро соҳибкори маҳаллӣ Пӯлод Ашӯров бунёд намудааст, ба истифода дода буданд. Ин коргоҳ ҳар сол зиёда аз 1000 тонна зардолуи тарро ба Русия содир менамояд. Дар баробари ин зиёда аз 40 нафар ҳамасола бо кори масвимӣ таъмин мешаванд.
Соли равон бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ ба ин коргоҳ техналогияи нави италиявӣ ворид гардид, ки он тариқи автоматӣ зардолуро бе осеб банду баст менамояд. Ин техникаи нави банду басти зардолуи тар дар як шабонарӯз то 50 тонна зардолуро метавонад коркард намояд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






