«Ҷавонони солимфикр-кафили амнияти давлат»-конфронс дар ноҳияи Шоҳмансур

Май 12, 2017 16:55

ДУШАНБЕ, 12.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳо бахшида ба Соли ҷавонон ва ба муносибати Рӯзи ҷавонони   Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе   Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Конференсияи илмӣ-амалиро таҳти унвони «Ҷавонони солимфикр-кафили амнияти давлат»  доир намуд

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода зикр намуд, ки амнияту суботи кишвар аз ҷавонон вобастагии калон дорад. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур кӯшиш ба харҷ  медиҳад, ки тафакури насли наврас, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва инчунин соҳибкасбиро ташаккул диҳад. Ҳамзамон бар зидди нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар амалҳои номатлуб мубориза мебарад

Сипас намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Хатари гурӯҳҳои ифротӣ: тарзи дуруст фаҳмонидани масъала дар байни ҷавонон», «Амнияти иттилоотӣ ва ҷавонон», «Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо дар устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ва «Саҳми ҷавондухтарон дар рушду нумӯи кишвар» маърӯза намуданд.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардаанд. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳоеанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд. Агар гурӯҳҳои фаъол, хусусан ҷавонон ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум намоянд, барои ҳифзи якпорчагии Ватан омода бошанд, сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, ҳамеша зираку ҳушёр бошанд, ягон гурӯҳи экстремистӣ наметавонад дар сарзамини мо мақсадҳои нопоки худро амалӣ созад.

 

Май 12, 2017 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид