«Ҷавонони солимфикр-кафили амнияти давлат»-конфронс дар ноҳияи Шоҳмансур
ДУШАНБЕ, 12.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳо бахшида ба Соли ҷавонон ва ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Конференсияи илмӣ-амалиро таҳти унвони «Ҷавонони солимфикр-кафили амнияти давлат» доир намуд
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода зикр намуд, ки амнияту суботи кишвар аз ҷавонон вобастагии калон дорад. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки тафакури насли наврас, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва инчунин соҳибкасбиро ташаккул диҳад. Ҳамзамон бар зидди нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар амалҳои номатлуб мубориза мебарад
Сипас намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Хатари гурӯҳҳои ифротӣ: тарзи дуруст фаҳмонидани масъала дар байни ҷавонон», «Амнияти иттилоотӣ ва ҷавонон», «Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо дар устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ва «Саҳми ҷавондухтарон дар рушду нумӯи кишвар» маърӯза намуданд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардаанд. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳоеанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд. Агар гурӯҳҳои фаъол, хусусан ҷавонон ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум намоянд, барои ҳифзи якпорчагии Ватан омода бошанд, сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, ҳамеша зираку ҳушёр бошанд, ягон гурӯҳи экстремистӣ наметавонад дар сарзамини мо мақсадҳои нопоки худро амалӣ созад.












Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






