Аз 1 июн муҳлати қайди муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург ва Сочи 1 шабонарўз муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 9 майи соли 2017 «Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 ва Ҷоми конфедератсияи ФИФА дар соли 2017 дар Федератсияи Россия» аз 1 июн то 12 июли соли 2017 дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург ва Сочии Федератсияи Россия муҳлати қайди муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар мақомоти муҳоҷиратӣ 1 шабонарўз муқаррар карда шудааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, шаҳрванди хориҷие, ки барои будубоши муваққатӣ (ё доимӣ) ва ё фаъолияти меҳнатӣ дар давраи баргузории мусобиқаи конфедератсияи ФИФА,аз 1 июн то 12 июли соли 2017 ба шаҳрҳои номбаршуда ворид мешаванд, бояд давоми як шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд.
Бинобар ин зарур аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи зикршуда (аз 1 июн то 12 июли соли 2017) мақсади воридшавӣ ба шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург ва Сочиро доранд, дар сурати надоштани имконияти дар як шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан, аз сафар ба шаҳрҳои мазкур худдорӣ намоянд. Зеро чораҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор дар ин давра пурзӯр гардида, қоидавайронкуниҳои ночиз метавонанд сабаби татбиқи чораҳои қатъӣ аз ҷониби сохторҳои қудратӣ нисбат ба онҳо гарданд.
Бояд гуфт, ки чораҳои мазкур муваққатӣ буда, танҳо дар муддати 42 рӯз, яъне аз 1 июн то 12 июли соли 2017 татбиқ мегарданд ва онҳо на танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ тааллуқ доранд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






