Аз аввали сол зиёда аз 1 тоннаю 236 кг маводи нашъаовар нобуд карда шуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони мақомоти прокуратура, суд ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ 269 килограмму 597 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла 11 кг 645 гр афюн, 212 кг 87 гр ҳашиш, 45 кг 863 гр бангдонаро нобуд сохтанд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовар иттилоъ доданд, ин миқдор маводи нашъаовар зимни гузаронидани амалиёти фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук мусодира гардид.
Ба маълумоти Агентӣ, аз аввали соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовар зиёда аз 1 тоннаю 236 кг маводи нашъаовар бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудаанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






