Аъзои Маҷлиси миллӣ тағйиру иловаҳоро ба чор қонуни конститутсионӣ ҷонибдорӣ намуданд

Май 18, 2017 14:51

       ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чор қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18 май дар Душанбе доир гардид, баррасӣ ва аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони  Тоҷикистон ҷонибдорӣ  гардиданд. Инҳо қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи  вакилон ба маҷлисҳои  маҳаллии  вакилони халқ», «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии   Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти  прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд.  Тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои  конститутсионии мазкур, минбаъд дар  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии  Тоҷикистон танҳо нафароне фаъолият менамоянд, ки шаҳрвандии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд. Инчунин тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи  вакилон ба маҷлисҳои  маҳаллии  вакилони халқ» шахсоне, ки шаҳрвандии хориҷӣ доранд, ҳуқуқи дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба ҳайси вакил интихоб шуданро надоранд.

Зимни баррасии масъалаҳои мазкур зикр шуд, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ,  мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 22 майи соли 2016 дар асоси баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид гардида буданд.

Май 18, 2017 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ