Аъзои Маҷлиси миллӣ тағйиру иловаҳоро ба чор қонуни конститутсионӣ ҷонибдорӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чор қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18 май дар Душанбе доир гардид, баррасӣ ва аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардиданд. Инҳо қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд. Тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии мазкур, минбаъд дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо нафароне фаъолият менамоянд, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд. Инчунин тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» шахсоне, ки шаҳрвандии хориҷӣ доранд, ҳуқуқи дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба ҳайси вакил интихоб шуданро надоранд.
Зимни баррасии масъалаҳои мазкур зикр шуд, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 22 майи соли 2016 дар асоси баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид гардида буданд.








Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Таҳти раёсати Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласа баргузор гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






