Ба ифтихори Соли ҷавонон: дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду варзишгоҳи нав бунёд мешавад

Май 13, 2017 12:53

ДУШАНБЕ, 13.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардидааст, ки ҳадафи он ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ ва нишон додани нақшу мавқеи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Бахшида ба Соли ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим барои дӯстдорони навъҳои гуногуни варзиш бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдончаи варзишии лоиҳавӣ ва толори варзишӣ  дар шафати  Қасри фарҳанг бунёд мегарданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, майдончаи варзишӣ барои машғул шудани ҷавонон бо футболи хурд ва баскетбол пешбинӣ гардидааст.

Айни замон сохтмони майдончаи варзишӣ анҷом ёфта, корҳои бунёди толори варзишӣ идома доранд.

Дар назар аст, ки он моҳи оянда мавриди истифода қарор дода шавад, ки туҳфаи арзанда ба Соли ҷавонон мебошад.

Май 13, 2017 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд