Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таҷҳизоти наҷотдиҳии махсус супорида шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо мақсади татбиқи лоиҳаи «Таҳкими иқтидор оид ба омодагӣ ва вокуниш», ки моҳи августи соли 2016 миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар доираи Хазинаи трастовии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расида буд, маросими супурдани таҷҳизоти наҷотдиҳии махсус баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар маросими супоридани таҷҳизоти махсус Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, намояндагони Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Рустам Назарзода зикр намуд, ки лоиҳаи «Таҳкими иқтидор оид ба омодагӣ ва вокуниш» то моҳи июли соли 2018 дар ду қисмат: таъсиси системаи ягонаи давлатии идоракунӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода барои боз ҳам беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти давлатӣ дар соҳаи омодагии вокуниш ва таҳким додани иқтидори воҳидҳои Кумита амалӣ мегардад.
«Бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид аз ҳисоби барномаи фонди трастовии Федератсияи Россия 11 адад техникаҳои махсус вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд, ки ду адади он «Урал», 5 адад «УАЗ», се адад техникаҳо барои кашонидани сӯзишворӣ ва об, инчунин як адад кран мебошанд. Ин техникаҳо асосан барои бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, дастрас намудани таҷҳизоти махсус ва дастаи наҷотдиҳандагоне, ки ба ҷои ҳодиса сафарбар карда мешаванд, истифода бурда мешаванд»,- иброз дошт муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Салимзода.













Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






