Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таҷҳизоти наҷотдиҳии махсус супорида шуд

Май 15, 2017 16:23

ДУШАНБЕ, 15.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо мақсади татбиқи лоиҳаи «Таҳкими иқтидор оид ба омодагӣ ва вокуниш», ки моҳи августи соли 2016 миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар доираи Хазинаи трастовии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расида буд, маросими супурдани таҷҳизоти наҷотдиҳии махсус баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар маросими супоридани таҷҳизоти махсус Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, намояндагони Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Рустам Назарзода зикр намуд, ки лоиҳаи «Таҳкими иқтидор оид ба омодагӣ ва вокуниш» то моҳи июли соли 2018 дар ду қисмат: таъсиси системаи ягонаи давлатии идоракунӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода барои боз ҳам беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти давлатӣ дар соҳаи омодагии вокуниш ва таҳким додани иқтидори воҳидҳои Кумита амалӣ мегардад.

«Бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид аз ҳисоби барномаи фонди  трастовии Федератсияи Россия 11 адад техникаҳои махсус вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд, ки ду адади он «Урал», 5 адад «УАЗ», се адад техникаҳо барои кашонидани сӯзишворӣ ва об, инчунин як адад кран мебошанд. Ин техникаҳо асосан барои бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, дастрас намудани таҷҳизоти махсус ва дастаи наҷотдиҳандагоне, ки ба ҷои ҳодиса сафарбар карда мешаванд, истифода бурда мешаванд»,- иброз дошт муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Салимзода.

 

 

Май 15, 2017 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд