Баъд аз насби камераҳои назоратӣ садамаҳои нақлиётӣ то 20 фоиз кам шудаанд
ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бахшида ба «Ҳафтаи чоруми глобалии бехатарии ҳаракати нақлиёт» ҷаласа баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуданд.
Сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба осебшиносӣ-радодӣ, профессор Абдувалӣ Раззоқов дар ҷамъомад вобаста ба оқибатҳои садамаҳои нақлиётӣ сухан гуфта, иброз дошт, ки ҳар сол дар миқёси ҷаҳон 5 миллион нафар дар натиҷаи осебҳо мефавтанд, ки аз ин 1 миллион ба садамаҳои нақлиётӣ рост меояд, яъне дар ҳар шаш сония як кас вафот мекунад.
«Дар ҷумҳурӣ ҳамасола то 200 ҳазор нафар осебҳои умумӣ мебардоранд, ки аз он 420-490 нафарашон мефавтанд. Ҳамчунин дар қиёс бо кишварҳои пешрафта, ки рақами ягонаи қабули ҳодисаҳои фавқулодаро доранд, бигзор дар Тоҷикистон низ чунин рақам ҷорӣ карда шавад»,- баён дошт А. Раззоқов.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки «баъд аз насби камераҳои назоратӣ садамаҳои нақлиётӣ то 20 фоиз кам шудаанд. Дар соли 2016 бар асари 1326 садамаи нақлиётӣ 427 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 1419 нафар ҷароҳат гирифтаанд. Нисбат ба соли 2015 шумораи садамаҳо 149 адад (10,1%), ҳалокшудагон 22 нафар (ё 4,9%) ва маҷрӯҳшудагон 157 нафар (10,0%) кам шудааст».









Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






