Баъд аз насби камераҳои назоратӣ садамаҳои нақлиётӣ то 20 фоиз кам шудаанд

Май 12, 2017 16:33

ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бахшида ба «Ҳафтаи чоруми глобалии бехатарии ҳаракати нақлиёт» ҷаласа  баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуданд.

Сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба осебшиносӣ-радодӣ, профессор Абдувалӣ Раззоқов дар  ҷамъомад вобаста ба оқибатҳои садамаҳои нақлиётӣ сухан гуфта, иброз дошт, ки ҳар сол дар миқёси ҷаҳон 5 миллион нафар дар натиҷаи осебҳо мефавтанд, ки аз ин 1 миллион ба садамаҳои нақлиётӣ рост меояд, яъне дар ҳар шаш сония як кас вафот мекунад.

 

«Дар ҷумҳурӣ ҳамасола то 200 ҳазор нафар осебҳои умумӣ мебардоранд, ки аз он 420-490 нафарашон мефавтанд. Ҳамчунин дар қиёс бо кишварҳои пешрафта, ки рақами ягонаи қабули ҳодисаҳои фавқулодаро доранд, бигзор дар Тоҷикистон низ чунин рақам ҷорӣ карда шавад»,- баён дошт А. Раззоқов.

Дар ҷаласа зикр шуд, ки  «баъд аз насби камераҳои назоратӣ садамаҳои нақлиётӣ то 20 фоиз кам шудаанд. Дар соли 2016 бар асари 1326 садамаи нақлиётӣ 427 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 1419 нафар ҷароҳат гирифтаанд. Нисбат ба соли 2015 шумораи садамаҳо 149 адад (10,1%), ҳалокшудагон 22 нафар (ё 4,9%) ва маҷрӯҳшудагон 157 нафар (10,0%) кам шудааст».

камераи назорати

 

 

Май 12, 2017 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст