Бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни танзим ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Май 5, 2017 17:23

ДУШАНБЕ, 05.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва намояндагони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор гардид.
Дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Гулрӯ Ҷабборзода изҳор намуд, ки «мақсад аз қабули қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад. Маҳз ҳамин нуктаро ба назар гирифта, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид».
Дар бораи фаъолияти Комиссияи ҷамъиятии вазорат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо муовини Раиси Комиссии мазкур, сардори Раёсати котибот Шукўҳиддин Аброров маълумот дод.
Мутеулло Наҷотзода, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нигина Ризоева, сармутахассиси Раёсати танзими Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба аҳамияти қабули қонуни мазкур ва манфиатҳои он дар паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар, дидани чораҳои муассир нисбат ба қонуншиканиҳо дар ин самт, мавқею нақши танзим ва сарфаю сариштакорӣ ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон кормандони Вазорат вобаста ба паҳлӯҳои мухталифи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андеша ва пешниҳоди худро манзур намуданд.

Май 5, 2017 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд