Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо: дар Осорхонаи вилояти Суғд намоишгоҳи «Дасхатҳо ва китобҳои нодир аз фонди осорхона» ифтитоҳ гардид
ХУҶАНД, 17.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, ки ҳамасола 18 май доир мегардад, баргузории чанд барнома дар назар аст. Тавре директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Мансур Бойматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, соли равон дар доираи Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо бо иқдоми роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дар осорхона ифтитоҳи намоишгоҳ таҳти унвони «Дасхатҳо ва китобҳои нодир аз фонди осорхона» дар назар гирифта шуда, тамошобинон дар ин рӯз имкон доранд бо махзани китобҳои нодири осорҳона аз наздик шинос шаванд.
Ҳамзамон дар саҳни боғи «Қалъаи Хуҷанд» намоиш-коллексияи ашёву олоти гуногуни асрҳои ХIХ ва ХХ аз ҷониби чор нафар коллексионерон ба намоиш гузошта мешаванд.
Соли панҷум аст, ки дар ин рӯз дар осорхона барномаи «Шомгоҳ дар Осорхона» гузаронида мешавад, ки ҳадафи асосии он ҷалби тамошобинон, хосатан ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад.
Инчунин бори чорум аст, ки дар назди бинои осорхона бо иштироки васеи аъзои клуби ҳаводорони мошинҳои коллексионӣ бо мақсади шинос намудани шаҳрвандон ва меҳмонон бо таърихи пайдоиши техника ва мошинҳои барориши солҳои 40-80-уми қарни ХХ ва нақлиёт-аробаҳои қарни ХIХ намоишгоҳ таҳти унвони «Хуҷанд-Ретро-Авто-2017» гузаронида мешавад.
Ҳамзамон дар ин рӯз ташрифи гурӯҳии мактаббачагону донишҷӯёни мактабҳои миёнаву олии маркази вилоят ва сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд дар назар аст.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






