Бахшида ба Рӯзи оила: ҳамаи аъзои як оила соҳиби маълумоти олӣ мебошанд

Май 15, 2017 17:06

ХОРУҒ, 15.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Рӯзи оила яке аз сокинони шаҳри Хоруғ Наботбегим Элназарова бо Ифтихорномаи  раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарфароз гардид. Ин зани хоксор, ки тамоми умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст, ҳамеша кӯшиш мекард, то фарзандонаш намунаи ибрат бошанд. Наботбегим Таваккалова гуфт, ки «агар фарзандони омӯзгорон ба дарс бидуни тайёрӣ ҳозир шаванд ва дар корҳои ҷамъиятии таълимгоҳ саҳм нагузоранд, пас насиҳат кардани шогирдони дигар маънӣ надорад. Аз ин рӯ талош мекардам, ки фарзандони ман доим барои дигарон намуна бошанд, то забони ман барои насиҳати шогирдон ба қавле «дароз» бошад. Хушбахтона, дар ин роҳ фарзандонам маро дастгирӣ намуданд».

Шаш нафар аз фарзандони муаллима соҳиби шаҳодатномаи донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар мебошанд ва аксарияти фарзандонаш касби модар- омӯзгориро интихоб намудаанд. Ҳоло писараш Сангин Элназаров устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ буда, писари дигараш  Ҳадис баъди дифои рисолаи номзадӣ дар Чили таҳсилашро идома дода истодааст.

Барои хизматҳои арзанда дар тарбияи насли наврас Наботбегим Таваккалова бо Дипломи дараҷаи сеюм ва Ифтихорномаи раиси вилоят сарфароз гардидааст.

 

 

Май 15, 2017 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд