Бахшида ба Рӯзи оила: ҳамаи аъзои як оила соҳиби маълумоти олӣ мебошанд
ХОРУҒ, 15.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Рӯзи оила яке аз сокинони шаҳри Хоруғ Наботбегим Элназарова бо Ифтихорномаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарфароз гардид. Ин зани хоксор, ки тамоми умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст, ҳамеша кӯшиш мекард, то фарзандонаш намунаи ибрат бошанд. Наботбегим Таваккалова гуфт, ки «агар фарзандони омӯзгорон ба дарс бидуни тайёрӣ ҳозир шаванд ва дар корҳои ҷамъиятии таълимгоҳ саҳм нагузоранд, пас насиҳат кардани шогирдони дигар маънӣ надорад. Аз ин рӯ талош мекардам, ки фарзандони ман доим барои дигарон намуна бошанд, то забони ман барои насиҳати шогирдон ба қавле «дароз» бошад. Хушбахтона, дар ин роҳ фарзандонам маро дастгирӣ намуданд».
Шаш нафар аз фарзандони муаллима соҳиби шаҳодатномаи донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар мебошанд ва аксарияти фарзандонаш касби модар- омӯзгориро интихоб намудаанд. Ҳоло писараш Сангин Элназаров устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ буда, писари дигараш Ҳадис баъди дифои рисолаи номзадӣ дар Чили таҳсилашро идома дода истодааст.
Барои хизматҳои арзанда дар тарбияи насли наврас Наботбегим Таваккалова бо Дипломи дараҷаи сеюм ва Ифтихорномаи раиси вилоят сарфароз гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






