Бахшида ба Рӯзи осорхонаҳо: боз як бозёфти бостоншиносон дар ноҳияи Фархор

Май 16, 2017 16:24

ДУШАНБЕ, 16.05.2017. /АМИТ Ховар/. Бостоншиносони Академияи илмҳои  Тоҷикистон  бо гурӯҳе аз антропологҳои Россия зимни ковишҳои бостоншиносӣ дар ҷамоати шаҳраки Фархор аз болои мазори «Чилтанбобо» ду ҷасадеро пайдо намуданд, ки рӯ ба рӯ гӯронида шуда,  тахмин меравад, ки онҳо  ба қарнҳои 11 -12- и  пеш аз мелод тааллуқ доранд.

Дар ин бора директори Осорхонаи ноҳияи Фархор  Азизулло Муродов  хабар дода, зикр кард,  ки  дар миёни ду ҷасади ёфтшуда як кӯза, оинаи нуқрагин, сарсӯзании занона ва якчанд муҳраҳои қиматбаҳои бо санъати баланд наққошишуда пайдо гардидаанд.

Хотиррасон менамоем, ки ковишҳои бостоншиносӣ  тобистони соли 2013 дар ҷамоати шаҳраки Фархор, болои мазори «Чилтанбобо» оғоз шуда, то ин муддат  аз ин мавзеъ даҳҳо мавод ва ашёи нодири таърихӣ пайдо гардидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки тайи чанд   соли охир аз тарафи олимони ҷумҳурӣ  дар якҷоягӣ бо коршиносони   Федератсияи Россия ва Италия дар ноҳияи Фархор ковишҳои археологӣ идома доранд. Зимни ин  тадқиқот дар ноҳия 41 мавзеъи таърихӣ пайдо гардиданд.

Як қисми нигораҳои пайдошуда дар Осорхонаи ноҳияи Фархор нигоҳдорӣ шуда, қисмати дигари онҳо барои таҳлилу ташхис ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуданд.

 

 

 

Май 16, 2017 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд