Бахшида ба Рӯзи осорхонаҳо: боз як бозёфти бостоншиносон дар ноҳияи Фархор
ДУШАНБЕ, 16.05.2017. /АМИТ Ховар/. Бостоншиносони Академияи илмҳои Тоҷикистон бо гурӯҳе аз антропологҳои Россия зимни ковишҳои бостоншиносӣ дар ҷамоати шаҳраки Фархор аз болои мазори «Чилтанбобо» ду ҷасадеро пайдо намуданд, ки рӯ ба рӯ гӯронида шуда, тахмин меравад, ки онҳо ба қарнҳои 11 -12- и пеш аз мелод тааллуқ доранд.
Дар ин бора директори Осорхонаи ноҳияи Фархор Азизулло Муродов хабар дода, зикр кард, ки дар миёни ду ҷасади ёфтшуда як кӯза, оинаи нуқрагин, сарсӯзании занона ва якчанд муҳраҳои қиматбаҳои бо санъати баланд наққошишуда пайдо гардидаанд.
Хотиррасон менамоем, ки ковишҳои бостоншиносӣ тобистони соли 2013 дар ҷамоати шаҳраки Фархор, болои мазори «Чилтанбобо» оғоз шуда, то ин муддат аз ин мавзеъ даҳҳо мавод ва ашёи нодири таърихӣ пайдо гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки тайи чанд соли охир аз тарафи олимони ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо коршиносони Федератсияи Россия ва Италия дар ноҳияи Фархор ковишҳои археологӣ идома доранд. Зимни ин тадқиқот дар ноҳия 41 мавзеъи таърихӣ пайдо гардиданд.
Як қисми нигораҳои пайдошуда дар Осорхонаи ноҳияи Фархор нигоҳдорӣ шуда, қисмати дигари онҳо барои таҳлилу ташхис ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






