Балҷувон: «Шоми ҷавонӣ» ҷавононро сарҷамъ намуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Балҷувон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамоиши фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» баргузор гардид.
Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиш намоиши дастовардҳои ҷавонони ноҳия ба тамошо гузошта шуд ва он аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд гирифт.
Мавлуда Оймаҳмадова, муовини раиси ноҳияи Балҷувон баён намуд, ки ҷавонони Хатлонзамин амалҳои наҷиби Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии кишвар ҷаҳду талош менамоянд.
Дар ҳамоиш масъулин ҷавононро ба ободкориву созандагӣ, хуррамгардонии ноҳия, кӯчаву маҳаллаҳо даъват намуда, изҳор доштанд, ки онҳо бояд дар ҳамаи корҳо дастаҷамъона иштирок намоянд.
Ҳамоиш бо мақсади мустаҳкам намудани риштаи дӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо доир гардид.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






