Баргузории марафони велосипедронӣ таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» дар Ашт

Май 21, 2017 11:00

ДУШАНБЕ, 21.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Ашт шаҳраки Шайдон бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонон ва эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон марафони велосипедронӣ таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» бо ҷалби зиёда аз 250 нафар ҷавонон доир гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, марафони велосипедронӣ дар шоҳроҳи ҷамоати шаҳраки Шайдон ҷараён гирифт, ки дар он ҷавондухтарон ва ҷавонписарон фаъолона ширкат варзиданд.
Ба иттилои манбаъ дар интиҳои марафон дар назди Муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи М.Воҳидов ба беҳтарин велосипедронҳо туҳфаҳои раиси ноҳияи Аштро муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ тақдим намуд. Аниса Ҷалилӣ зимни тақдими туҳфаҳо иброз дошт, ки баргузории марафони велосипедронӣ таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» барои мустаҳкам кардани робитаи дӯстӣ байни ҷавонон мусоидат мекунад.

Май 21, 2017 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид