Барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 05.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба 72-юмин солгарди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат ва устодону донишҷӯён барномаи фарҳангӣ баргузор шуд.
Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, Маҳмадулло Раҷабзода, ректори донишкада ҷавононро барои гиромӣ доштани Ватан талқин карда, зикр намуд, ки маҳз бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои биҳиштосои кишвар нафаси тоза кашида, осуда зиндагӣ менамоем.
Ҳикматулло Абдуллозода, устоди донишкада аз таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қисса намуда, саҳми тоҷиконро дар ин ҷанг назаррас донист. Сайфиддин Акрамов, собиқадори меҳнат ва Файзулло Бобоев иштирокчии ҶДҶ сухан гуфта, ҷавононро ба ватандӯстию далерӣ ҳидоят намуданд.
Аз ҷониби донишҷӯёни факултаи филологияи руси донишкада барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид.
Ба собиқадорони ҷангу меҳнат туҳфаҳои молию пулӣ тақдим карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






