Барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон

Май 5, 2017 17:33

ДУШАНБЕ, 05.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  бахшида ба 72-юмин солгарди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат ва устодону донишҷӯён барномаи  фарҳангӣ баргузор шуд.

Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, Маҳмадулло Раҷабзода, ректори донишкада ҷавононро барои гиромӣ доштани Ватан талқин карда, зикр намуд, ки маҳз бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои биҳиштосои кишвар нафаси тоза кашида, осуда зиндагӣ менамоем.

Ҳикматулло Абдуллозода, устоди донишкада аз таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қисса намуда, саҳми тоҷиконро дар ин ҷанг назаррас донист. Сайфиддин Акрамов, собиқадори меҳнат ва Файзулло Бобоев иштирокчии ҶДҶ сухан гуфта, ҷавононро ба ватандӯстию далерӣ ҳидоят намуданд.

Аз ҷониби донишҷӯёни факултаи филологияи руси донишкада  барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид.

Ба собиқадорони ҷангу меҳнат туҳфаҳои молию пулӣ тақдим карда шуд.

Май 5, 2017 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст