Барои дастгирии хатмкунандагони курсҳои касбомӯзӣ қарзҳои хурди имтиёзнок пешбинӣ шудаанд

Май 17, 2017 08:50

ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.   Дирӯз, 16 май дар Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаи ташкилотҳои қарзӣ даври аввали машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ» доир гашт.

Тавре ки аз Бонки миллӣ хабар доданд, даври омӯзишӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон» амалӣ мегардад.

Дар машварат муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, мушовири байналмилалӣ Муҳаммад Зубайр (Покистон) ва директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» Маҳмадулло Шералиев иштирок намуданд.

Машварат  бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба дастгирии молиявии хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии ҷавонон ва занҳо таҳия гардида, бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва таҷрибаи ҳайати роҳбарикунандаи ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати ташкили хизматрасонии молиявӣ тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ барои амалӣ намудани барномаи VOLIP гузаронида мешавад.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ баён намуд, ки ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи мазкур паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ тавассути баланд бардоштани малакаи касбии шаҳрвандон, заминаи мусоид барои омӯзиш ва гирифтани тахассус, таъмини маблағгузории хурд барои идома додани фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Зикр гардид, ки ҷиҳати дастгирии хатмкунандагони курсҳои касбомӯзӣ барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва худшуғл қарзҳои хурди имтиёзнок пешбинӣ шудаанд, ки тавассути ташкилотҳои қарзӣ дода мешаванд.

Марҳилаи омӯзишӣ барои намояндагони ташкилотҳои қарзӣ идома меёбад.

Баргузории даври дуюми машваратҳои омӯзишӣ барои кормандони масъули сохторҳои маҳаллии ташкилотҳои қарзӣ 18-23 май дар назар аст.

 

 

 

Май 17, 2017 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд