Барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ семинари омӯзишӣ роҳандозӣ шуд

Май 30, 2017 09:10

ДУШАНБЕ, 30.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 29 май то 9 июни соли равон дар 17 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ семинари омӯзишӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора аз  Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Барои иштирок дар семинар 3 ҳазору 465 нафар ҳуҷҷат супорида, тибқи талабот ва арзёбии пешакӣ 2 ҳазору 410 нафар бо омӯзиш фаро гирифта шуданд.

«Семинари мазкур дар 22 нуқта барои 88 гурӯҳи иштирокдор тибқи барнома ва модули омӯзишии махсус гузаронида мешавад»,- хабар доданд аз маркази матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баъд аз  омӯзиш кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ба сифати роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ ва ёварони онҳо, маъмурони калон, маъмурони имтиҳон ва бақайдгирандагони маркази имтиҳонӣ барои идора кардани раванди имтиҳонҳои дохилшавӣ масъул хоҳанд шуд.

 

 

 

 

 

Май 30, 2017 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд