Барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ семинари омӯзишӣ роҳандозӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 май то 9 июни соли равон дар 17 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ семинари омӯзишӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Барои иштирок дар семинар 3 ҳазору 465 нафар ҳуҷҷат супорида, тибқи талабот ва арзёбии пешакӣ 2 ҳазору 410 нафар бо омӯзиш фаро гирифта шуданд.
«Семинари мазкур дар 22 нуқта барои 88 гурӯҳи иштирокдор тибқи барнома ва модули омӯзишии махсус гузаронида мешавад»,- хабар доданд аз маркази матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баъд аз омӯзиш кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ба сифати роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ ва ёварони онҳо, маъмурони калон, маъмурони имтиҳон ва бақайдгирандагони маркази имтиҳонӣ барои идора кардани раванди имтиҳонҳои дохилшавӣ масъул хоҳанд шуд.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






