Баррасии масъалаи ҳамкорӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон

Май 15, 2017 15:42

ДУШАНБЕ, 15.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Масъалаи  ҳамкорӣ дар яке аз самтҳои афзалиятноки   низоми бонкии Тоҷикистон зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Намояндаи доимии тозатаъйини Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питерс Олтерс мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре ки аз маркази матбуоти БМТ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба вазъи низоми бонкии Тоҷикистон, татбиқи ислоҳот дар ин самт, тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии таъсири омилҳои берунӣ ба низоми бонкии кишвар, зарурати сармоягузорӣ ба иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ, бахши хусусӣ, соҳаи кишоварзӣ ва атрофи дигар соҳаҳо табодули назар намуданд.

БМТҳамкорӣ дар низоми бонкии кишвар 2Ян Питерс Олтерс изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар бахши молия, аз ҷумла бахши хусусӣ, ки дар суботи молиявии кишвар нақши муҳим мебозад, омода аст. Мавсуф зикр кард, ки айни замон барномаи миёнамуҳлати ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ омода шуда истодааст ва самтҳои афзалиятноки он дар ҷараёни муколамаи тарафайн муайян хоҳад шуд.

Дар вохӯрӣ мутахассиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳлили иқтисодӣ хонум Наоко К.Коджо сухан карда, аз мақсад ва моҳияти Ташхиси муттасили кишвар (СДС), ки аз доираи фарогирии он ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ дар самти татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва муҳайё намудани фазои хуби сармоягузорӣ барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкии Тоҷикистон сарчашма хоҳад гирифт, маълумоти мушаххас пешниҳод намуд. Номбурда аз таҷрибаи фаъолияти худ дар кишварҳои дигари ИДМ, ки бо мушкилоти низоми бонкӣ рӯ ба рӯ шудаанд, ибрози назар намуд. Бо назардошти мавҷудияти чунин таҷриба, Бонки миллии Тоҷикистон хостори ҷалби машваратчии ботаҷриба дар самти низоми бонкӣ барои давраи дарозмуҳлат гашт, ки ҷониби Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Дар ҷамъбаст тарафҳо барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои баррасишуда изҳори омодагӣ намуданд.

 

 

Май 15, 2017 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд