Баррасии масъалаи ҳамкорӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 15.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҳамкорӣ дар яке аз самтҳои афзалиятноки низоми бонкии Тоҷикистон зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Намояндаи доимии тозатаъйини Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питерс Олтерс мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ки аз маркази матбуоти БМТ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба вазъи низоми бонкии Тоҷикистон, татбиқи ислоҳот дар ин самт, тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии таъсири омилҳои берунӣ ба низоми бонкии кишвар, зарурати сармоягузорӣ ба иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ, бахши хусусӣ, соҳаи кишоварзӣ ва атрофи дигар соҳаҳо табодули назар намуданд.
Ян Питерс Олтерс изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар бахши молия, аз ҷумла бахши хусусӣ, ки дар суботи молиявии кишвар нақши муҳим мебозад, омода аст. Мавсуф зикр кард, ки айни замон барномаи миёнамуҳлати ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ омода шуда истодааст ва самтҳои афзалиятноки он дар ҷараёни муколамаи тарафайн муайян хоҳад шуд.
Дар вохӯрӣ мутахассиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳлили иқтисодӣ хонум Наоко К.Коджо сухан карда, аз мақсад ва моҳияти Ташхиси муттасили кишвар (СДС), ки аз доираи фарогирии он ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ дар самти татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва муҳайё намудани фазои хуби сармоягузорӣ барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкии Тоҷикистон сарчашма хоҳад гирифт, маълумоти мушаххас пешниҳод намуд. Номбурда аз таҷрибаи фаъолияти худ дар кишварҳои дигари ИДМ, ки бо мушкилоти низоми бонкӣ рӯ ба рӯ шудаанд, ибрози назар намуд. Бо назардошти мавҷудияти чунин таҷриба, Бонки миллии Тоҷикистон хостори ҷалби машваратчии ботаҷриба дар самти низоми бонкӣ барои давраи дарозмуҳлат гашт, ки ҷониби Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.
Дар ҷамъбаст тарафҳо барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои баррасишуда изҳори омодагӣ намуданд.








ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд






