Баррасии масъалаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон
ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон зимни мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо роҳбари навтаъйини Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петерс Олтерс мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар вохўрӣ тарафҳо инчунин масъалаҳои вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти вазорат, аз ҷумла муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро муҳокима намуданд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки ислоҳоти пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва татбиқи барномаҳо дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд дар ин самтҳо солҳои охир натиҷаҳои дилҳоҳ медиҳанд.
Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон омодагии худро барои иширок дар татбиқи барномаҳо дар самти фаълияти вазорат изҳор намуд.
Вохўрӣ дар фазои дўстона ва ҳусни тафоҳум доир гардид.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






