Баррасии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эфиопия

Май 13, 2017 12:13

ДУШАНБЕ, 13.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 12 май  дар шаҳри Аддис-Абеба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия Хусрав Нозирӣ нусхаи эътиборномаи худро ба Мудири кулли Идораи ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии он кишвар Эсаяс Сейфу супорид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, худи ҳамон рӯз мулоқоти Сафир бо Мудири кулли Идораи Аврупои Вазорати корҳои хориҷии Эфиопия Тесфайе Йилма баргузор гардид, ки дар ҷараёни он дурнамои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд.

Бояд зикр намуд, ки ин нахустин бор аст, ки Тоҷикистон сафири ғайримуқимии худро дар ин кишвари африкоӣ таъйин мекунад.

 

 

Май 13, 2017 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд