Баррасии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эфиопия
ДУШАНБЕ, 13.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар шаҳри Аддис-Абеба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия Хусрав Нозирӣ нусхаи эътиборномаи худро ба Мудири кулли Идораи ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии он кишвар Эсаяс Сейфу супорид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, худи ҳамон рӯз мулоқоти Сафир бо Мудири кулли Идораи Аврупои Вазорати корҳои хориҷии Эфиопия Тесфайе Йилма баргузор гардид, ки дар ҷараёни он дурнамои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд.
Бояд зикр намуд, ки ин нахустин бор аст, ки Тоҷикистон сафири ғайримуқимии худро дар ин кишвари африкоӣ таъйин мекунад.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






