Боздиди Рамазон Абдулатипов аз Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» ва муҷассамаи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ
ДУШАНБЕ, 13.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Рамазон Абдулатиповро, ки бо сафари корӣ ба вилоят ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, ҷонибҳо масоили гуногун, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Абдураҳмон Қодирӣ аз рушди ҳамкории мутақобилаи ҳарду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд ва оид ба вазъи имрӯзаи иқтисодии минтақа маълумот дод. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳим дар хоҷагии халқи вилоят пешравиҳои назаррас ба амал омадаанд.
Рамазон Абдулатипов зимни суҳбат таъкид намуд, ки вилояти Суғдро ҳамчун минтақаи рушдкунанда ва дорои табиати зебою фарҳангу маданияти бой мешиносад ва аз ташриф ба ин вилоят эҳсоси хушҳолӣ дорад.
Пас аз анҷоми мулоқот миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарӣ баста шуд. Созишномаро аз ҷониби вилояти Суғд Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва аз ҷониби Доғистон Рамазон Абдулатипов имзо карданд.
Дар доираи сафар Рамазон Абдулатипов ва ҳайати ҳамроҳонаш аз Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» дидан карданд. Меҳмонон дар пояи муҷассамаи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ гул гузошта, қабри рамзии ӯро зиёрат ва аз хона-музеи ин шоири шаҳир боздид намуданд.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






