Боздошти шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон бо гумони ба муомилот баровардани 44 кг симоби металлӣ
ДУШАНБЕ, 12.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истаравшан кирдори ба ҷомеа хавфноки як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистонро ошкор намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, маълумоти фаврӣ дар хусуси он, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Касимбаев Бактибек Уркасимович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Бишкек дар ҳудуди вилояти Суғд ба муомилоти ғайриқонунии моддаҳои заҳролуд, яъне металли симоб бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан машғул буда, дар ҷустуҷӯи харидор мебошад, ҳангоми санҷиши фаврии кормандони милитсия тасдиқи худро ёфт. Гумонбаршаванда Б.У. Касимбаев дар ду навбат зарфҳои шишагин ва пластикии дорои маводи моеъи ҷилодиҳандаи нуқрагинро ба муомилот баровардааст. Ташхиси кимиёвӣ моддаҳои заҳрноки навъи симоби металлӣ будани далелҳои шайъиро дақиқ кардааст, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоти он ғайриқонунӣ буда, бо таҳдиди ҷавобгарии ҷиноятӣ манъ карда шудааст.
«Дастгиршуда дар маҷмӯъ 44 670 (чилу чор килограмму шашсаду ҳафтод) грамм моддаи заҳрноки навъи симоби металлиро ба фурӯш бароварда, бар ивази ҳар як килограмми он 45 доллари ИМА талаб намудааст. Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад»,-иттилоъ доданд аз Вазорат.








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






