Чор хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон соҳиби медали тилло шуданд!

Май 30, 2017 16:12

ДУШАНБЕ, 30.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Чор  нафар толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи 6-уми байналмилалӣ байни мактаббачагон аз фанҳои математика, физика, химия ва биология ҷойҳои аввалро ишғол намуда, соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон хабар доданд, аз 21 то 27  майи соли равон  дар Донишгоҳи Амитии шаҳри  Ноидаи Ҳиндустон Олимпиадаи 6-уми байналмилалӣ байни мактаббачагон аз фанҳои математика, физика, химия ва биология баргузор гардид.

Дар Олимпиада толибилмони зиёда аз 10 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Озарбойҷон, Бангладеш, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Непал, Молдова, Руминия  ва  Лаос иштирок доштанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар ин олимпиадаи байналмилалӣ иштирок кард. Аз Тоҷикистон хонандаи Литсейи рақами 1 шаҳри Душанбе Рустам Абдувоҳидов ва  3 нафар аз Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба номи «Ҳотам П.В.»  Вазир Пиров, Умед Икромов ва Амир Ҷураев аз фанни математика иштирок намуда, ҳар чор иштироккунандагон чойҳои аввалро ишғол карда, соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Дар маросими бошукӯҳи пӯшидашавии олимпиада, ки 27 май  баргузор гардид, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок карда, сухан гуфт.

 

 

Май 30, 2017 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд