Чор хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон соҳиби медали тилло шуданд!
ДУШАНБЕ, 30.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чор нафар толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи 6-уми байналмилалӣ байни мактаббачагон аз фанҳои математика, физика, химия ва биология ҷойҳои аввалро ишғол намуда, соҳиби медалҳои тилло шуданд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон хабар доданд, аз 21 то 27 майи соли равон дар Донишгоҳи Амитии шаҳри Ноидаи Ҳиндустон Олимпиадаи 6-уми байналмилалӣ байни мактаббачагон аз фанҳои математика, физика, химия ва биология баргузор гардид.
Дар Олимпиада толибилмони зиёда аз 10 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Озарбойҷон, Бангладеш, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Непал, Молдова, Руминия ва Лаос иштирок доштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар ин олимпиадаи байналмилалӣ иштирок кард. Аз Тоҷикистон хонандаи Литсейи рақами 1 шаҳри Душанбе Рустам Абдувоҳидов ва 3 нафар аз Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба номи «Ҳотам П.В.» Вазир Пиров, Умед Икромов ва Амир Ҷураев аз фанни математика иштирок намуда, ҳар чор иштироккунандагон чойҳои аввалро ишғол карда, соҳиби медалҳои тилло шуданд.
Дар маросими бошукӯҳи пӯшидашавии олимпиада, ки 27 май баргузор гардид, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок карда, сухан гуфт.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






