Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон филми ҳунарии «Ота» намоиш дода шуд
ДУШАНБЕ, 10.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар кинотеатри «Кохи Наврӯз» Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтанд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ибодулло Машраб, муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти ду кишвар ва кӯшишҳои вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҷашни бузург табдил ёфт.
«Синамогарони ӯзбек дар солҳои пешин дар офаридани шоҳасарҳои синамо ҳиссаи бузург гузоштаанд. Мо медонем, ки дӯстони ӯзбеки мо дар филмофарӣ таҷрибаи ғанӣ доранд. Ин анъанаро арбобони имрӯзаи синамо сарбаландона идома медиҳанд», — изҳор дошт Ибодулло Машраб.
Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов, муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбари ҳайати расмӣ зикр намуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишонаи он аст, ки дӯстии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон сол то сол ривоҷ меёбад. Филмофарони тоҷику ӯзбек дар гузашта ҳамкории зич доштанд ва ин ҳамкорӣ минбаъд низ идома меёбад.
Сипас, филми ҳунарии «Ота» (Падар) намоиш дода шуд. Филм доир ба муносибатҳои байни падару модарон ва фарзандон дар оила, муқаддас донистани оила ва арзишҳои маънавии он нақл мекунад. Коргардони филм Абдухалил Мигнаров буда, нақши асосиро дар он Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Маъруф Отаҷонов иҷро кардааст.
Филм дар чандин фестивалҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовори ҷоизаҳо гардида, аҳамияти тарбиявӣ дорад.
12 майи соли равон соати 14:00 дар кинотеатри «Кохи Наврӯз» Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон идома ёфта, филми ҳунарии коргардони ӯзбек Акбар Бектурдиев «Ойқиз эртаги» («Афсонаи дар бораи духтари моҳлиқо») намоиш дода мешавад.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






