Дар Душанбе ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2017» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ошкор ва нобуд кардани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои маҷмӯии таблиғотӣ-пешгирикунанда дар байни табақаҳои мухталиф дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамасола амалиёти «Кӯкнор» гузаронида мешавад.
Тавре ба АМИТ Ховар аз маркази матбуоти Агентии назорати маовди нашъаовари назли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 15 май таҳти роҳбарии муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ Зафар Самад ҷаласаи якуми Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2017» баргузор гардид. Он фаъолияти неруҳо ва воситаҳои дар амалиёт сафарбаршудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро роҳбарӣ ва ҳамоҳанг мекунад.
Иштирокчиёни ҷаласа ба масъалаҳои гузоштани дидбонгоҳҳои доимӣ ва сайёр дар масирҳои асосии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва созмон додани гурӯҳҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ диққати махсус доданд.
Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар маҳалҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ситоди кории амалиёти «Кӯкнор-2017» ташкил карда мешаванд.
Амалиёти «Кӯкнор» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила — аз 20 май то 30 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






