Дар Душанбе ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2017» баргузор шуд

Май 16, 2017 11:43

ДУШАНБЕ, 16.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ошкор ва нобуд кардани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар   дар  ҳудуди   Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  инчунин  гузаронидани чорабиниҳои  маҷмӯии  таблиғотӣ-пешгирикунанда дар байни табақаҳои мухталиф дар қаламрави  ҷумҳурӣ ҳамасола амалиёти «Кӯкнор» гузаронида мешавад.

Тавре ба АМИТ Ховар аз маркази матбуоти Агентии назорати маовди нашъаовари назли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 15 май  таҳти роҳбарии муовини якуми  директори  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, роҳбари Ситоди   ҷумҳуриявӣ   Зафар  Самад  ҷаласаи   якуми  Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2017» баргузор гардид. Он фаъолияти неруҳо ва воситаҳои дар амалиёт сафарбаршудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро роҳбарӣ ва ҳамоҳанг мекунад.

Иштирокчиёни ҷаласа ба масъалаҳои гузоштани дидбонгоҳҳои доимӣ ва сайёр дар масирҳои асосии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва созмон додани гурӯҳҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  диққати махсус  доданд.

Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар маҳалҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ситоди кории амалиёти «Кӯкнор-2017» ташкил карда мешаванд.

Амалиёти «Кӯкнор» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ду  марҳила — аз 20 май  то 30 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр гузаронида мешавад.

 

Май 16, 2017 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд