Дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 10.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи май дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон баргузор мегардад. Омодагӣ ба ҳамоиш ва масоили тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон зимни мулоқоти Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Тариқ Иқбол Сомро, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе баррасӣ гардид.
Аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот Шариф Саид ба дипломати покистонӣ доир ба вазъи кунунии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон ва тақвияти он бо истифода аз имконоти мавҷуда маълумот дода, гуфт, ки доир намудани ҳамоиши доираҳои соҳибкории ду кишвар дар Душанбе дар густариши равобити иқтисодии Тоҷикистону Покистон қадами муассир хоҳад буд.
Таъкид гардид, ки яке аз омилҳои тавсеаи равобити иқтисодӣ ва афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар ба роҳ мондани парвозҳои мустақим ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши ҳамлу нақли молҳо тавассути нақлиёти рӯизаминист. Зикр шуд, ки байни ду кишвар ҳанӯз шароиту имконоти истифоданошуда дар бахши иқтисоду тиҷорат зиёданд. Истифодаи самараноки имконоти мавҷуда дар оянда имкон медиҳад, ки равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон беш аз пеш густариш ёбанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






