Дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон доир мешавад

Май 10, 2017 14:44

         ДУШАНБЕ, 10.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи май дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон баргузор мегардад. Омодагӣ ба ҳамоиш ва масоили тавсеаи  равобити иқтисодию тиҷоратии  Тоҷикистону Покистон зимни мулоқоти Шариф Саид, раиси Палатаи  савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Тариқ Иқбол Сомро, Сафири  Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Душанбе баррасӣ гардид.

Аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот Шариф Саид ба дипломати покистонӣ доир ба   вазъи  кунунии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон ва тақвияти он бо истифода аз имконоти мавҷуда маълумот дода, гуфт, ки доир намудани ҳамоиши доираҳои соҳибкории  ду кишвар дар Душанбе  дар густариши равобити иқтисодии Тоҷикистону Покистон қадами муассир хоҳад буд.

Таъкид гардид, ки яке аз омилҳои тавсеаи равобити иқтисодӣ ва афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар ба роҳ мондани   парвозҳои мустақим  ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши ҳамлу нақли молҳо тавассути нақлиёти рӯизаминист. Зикр шуд, ки байни ду кишвар  ҳанӯз шароиту имконоти истифоданошуда дар  бахши иқтисоду тиҷорат  зиёданд.  Истифодаи самараноки имконоти мавҷуда дар оянда имкон медиҳад, ки равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон беш аз пеш густариш ёбанд.

 

Май 10, 2017 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид