Дар Душанбе оид ба тақвият додани иқтидори миллӣ дар соҳаи хоҷагии манзили устувор ва рушди шаҳрҳо машварат доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе таҳти унвони «Тақвият додани иқтидори миллӣ дар соҳаи хоҷагии манзили устувор ва рушди шаҳрҳо» ҷаласаи машваратӣ доир намуд.
Тавре директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ Улуғбек Умаров иброз дошт, ҳадафи аслии баргузории ҷаласа беҳ гардонидани бахши манзилу коммуналӣ мебошад.
«Соли 2010 аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Аврупо нисбат ба ҳолати воқеии бахши манзили коммуналӣ тадқиқот гузаронида шуда, соли 2011 он аз тарафи СММ ба табъ расид. Дар асоси тадқиқоти мазкур Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки дар ин самт барномаи мушаххас омода намояд. Ниҳоят Лоиҳаи барнома аз рӯи талаботе, ки аз тарафи Комиссияи иқтисодӣ ва аврупоӣ пешниҳод карда шудааст, омода гардида, бо назардошти таклифу пешниҳодҳои иштирокчиёни ҷаласа он мукаммал гардонида мешавад»,- зикр намуд Улуғбек Умаров.
Гуфта мешавад, ки имрӯз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи хоҷагии манзилии Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ ва Барномаи Созмони Милали Мутаҳид- ХАБИТАТ оид ба рушди маҳаллаҳои аҳолинишин ва сохтмони манзилҳои дастрас ҳамкории муштарак ба роҳ мондааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






