Дар Душанбе оид ба тақвият додани иқтидори миллӣ дар соҳаи хоҷагии манзили устувор ва рушди шаҳрҳо машварат доир гардид

Май 24, 2017 15:42

ДУШАНБЕ, 24.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.   Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе таҳти унвони «Тақвият додани иқтидори миллӣ дар соҳаи хоҷагии манзили   устувор ва рушди шаҳрҳо» ҷаласаи машваратӣ доир намуд.

Тавре директори Корхонаи воҳиди  давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ Улуғбек Умаров иброз дошт, ҳадафи аслии баргузории ҷаласа беҳ гардонидани бахши манзилу коммуналӣ мебошад.

«Соли  2010 аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Аврупо нисбат ба ҳолати воқеии бахши манзили коммуналӣ  тадқиқот гузаронида шуда,   соли 2011 он аз тарафи СММ ба табъ расид. Дар асоси тадқиқоти мазкур Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки дар ин самт барномаи мушаххас омода намояд. Ниҳоят Лоиҳаи барнома аз рӯи талаботе, ки   аз тарафи Комиссияи иқтисодӣ ва аврупоӣ пешниҳод карда шудааст,  омода гардида,   бо назардошти таклифу пешниҳодҳои иштирокчиёни ҷаласа он  мукаммал гардонида мешавад»,- зикр намуд Улуғбек Умаров.

Гуфта мешавад, ки имрӯз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи хоҷагии манзилии Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ ва Барномаи Созмони Милали Мутаҳид- ХАБИТАТ  оид ба рушди маҳаллаҳои аҳолинишин ва сохтмони манзилҳои дастрас ҳамкории муштарак ба роҳ мондааст.

Май 24, 2017 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид