Дар Душанбе шашумин Ҷашнвораи байналмилалии театрии ҷавонон-«Нигоҳи нав» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 20 майи соли равон дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе шашумин Ҷашнвораи байналмилалии театрии ҷавонон- «Нигоҳи нав» 2017 доир мегардад.
Тавре Далери Имомалӣ, роҳбари фарҳангии «Нигоҳи нав» иброз дошт, ҷашнвораи мазкур бахшида ба 100-солагии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова ташкил гардида, ҳадафи асосии он имконият ва шароити мусоид фароҳам овардан ба кормандони ҷавони театрҳои Тоҷикистон мебошад.
Ба гуфтаи номбурда, дар ҷашнвора ҳунармандони Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия иштирок намуда, панҷ спектакл аз ҷониби онҳо ба намоиш гузошта мешавад.
«Нигоҳи нав» соли 2012 бо талоши як гурӯҳ ҷавонон таъсис ёфта, ду соли охир мақоми байналмилалӣ гирифтааст.









Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






