Дар Гулистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 1 миллиард сомонӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба беш аз 1 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар чор моҳи авали соли 2017 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 1 миллиарду 10 миллиону 267,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 264,9 миллион сомонӣ зиёд аст.
Тавре хабар доданд, давоми моҳҳои январ-апрели соли равон аз 28 корхонаи саноатии шаҳр 16 корхона (57,1 фоизи корхонаҳо) афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 102,6 фоиз то ба 562,3 фоиз таъмин намуданд. Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр 94,2 ҳазор тонна консентрати сурб, руҳ ва хокаи мис, 14,3 ҳазор тонна орд, 533,6 ҳазор метри мураббаъ қолин, 2,1 миллион дона зарфҳои шишагӣ, 284,0 ҳазор метри мукааб маҳсулоти оҳану бетонӣ ва дигар маҳсулоти саноатию мавриди ниёзи мардумро истеҳсол намуданд.
«Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон бо 19 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дошта, ба хориҷа ба маблағи 82,7 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст»,-иттилоъ доданд аз Хадамоти матбуотӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






