Дар идораҳои САҲШ танҳо афроде кор карда метавонанд, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва шаҳрванди Тоҷикистон бошанд
ДУШАНБЕ,17.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Аз ин ба баъд дар идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии /САҲШ/ Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳое кор карда метавонанд, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар ин робита 17 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйироту илова ворид намуданд.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» баланд бардоштани сифати хизматрасонии ҳуқуқӣ дар идораҳои САҲШ ба шаҳрвандон мебошад.
Вазири адлияи Тоҷикистон дар посух ба саволи Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагон дар мавриди тақдири минбаъдаи нафароне, ки маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ надоранд, вале дар идораҳои САҲШ кор мекунанд, гуфт, ки ба ин гуна шахсон имконият дода мешавад, то дар бахши ҳуқуқшиносии донишгоҳҳои кишвар таҳсил намуда, соҳиби маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ гарданд.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






